БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН НОМБАРДОРИ САРЗАМИНИ АҶДОДИЕМ

ВОСЕЪ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №39-и деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ, эҳтиром ва пос доштани муқаддосотӣ миллӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон,  ҷавонон иброз намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо муассисаро бо дониши хубу аъло хатм намуда, ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил мешавем ва дар оянда номбардори ин миллату ин сарзамин шуда, баҳри ободии диёрамон саҳми худро мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg