БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ЗАХИРАИ ҒИЗО ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи хешро   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа  менамояд.

Ин навбат Президенти кишвар вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои муҳими кишварро мушфиқона таҳлил намуда, ба мардуми кишвар роҳҳои баромадан аз буҳронро нишон доданд.

Зимни  суханронии  худ  Сарвари давлат  баён намуданд, ки «Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз солҳои вазнинтарин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуд. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад».

Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои зиёд ва паҳншавии вируси марговари КОВИД-19 дар сартосари ҷаҳон ҷумҳурии мо тавонист ба як қатор дастовардҳо ноил гардад. Аз ҷумла, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Тавре Президенти кишвар иброз доштанд, имрӯз сарҳади бисёр кишварҳои олам баста шудааст ва ин сабабгори кам ворид гаштани маҳсулоти ниёзи аввали мардум мегардад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки аз захираҳои дохилӣ бештар истифода бурда, роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони шадиди иқтисодиро худамон ҳал намоем.

Президенти кишвар  аз ҷумла қайд карданд, ки «Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷиро тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад».

Бо вуҷуди дар сартосари ҷаҳон паҳншавии вируси марговар ва халалдор гаштани муносибатҳо бо шарикони рушд соли гузашта барои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар сармоягузорони хориҷӣ саҳми муносиб гузоштанд.

Пешвои миллат дар ин маврид таъкид карданд, ки «Ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар соли 2020-ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст».

Дар суханронии худ Пешвои миллат дар хусуси истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ махсус таъкид намуданд, зеро он метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ғанӣ гаштани буҷаи кишвар ва беҳ шудани зиндагии сокинони мамлакат гардад.

Яке аз дастовардҳои беназири кишвар таи солҳои соҳибистиқлолӣ беҳтар гаштани роҳҳои дохилӣ ва байналхалқист, ки инро коршиносони байналҳалқӣ низ эътироф кардаанд. Ин нукта дар Паёми Президент бамаврид зикр карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд. Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем».

Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, беҳбуд гаштани зиндагии аҳолӣ аз рушди ин соҳаи муҳим вобастагии зиёд дорад. Дар ин самт низ кишоварзон таи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.

Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст.

Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст.

Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7 сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд».

Баҳри дастгирии кишоварзон ва ғанӣ гаштани дастархони аҳолӣ Президенти мамлакат нисбати кормандони соҳаи кишоварзӣ ғамхории навбатӣ зоҳир намуданд ва пешниҳод карданд, ки «Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд».

Бо истифода аз фурсати мусоид тамоми кишоварзони мамлакатро зарур аст то аз заминҳои дар ихтиёрашон буда, самаранок истифода бурда, даромади оилаи худ ва бозори истеъмолии кишварро ғанӣ гардонад.

Муминзода  Мастура  Табарӣ, роҳбари  гурӯҳи  вакилии  ҳизбӣ  дар Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳияи   Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg