БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-ҲУҶҶАТИ ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

АНДЕША. Воқеан ҳам Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.01.2021 баён гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан сохт.

Бо дарки баланди масъулият эҳсос менамоем, ки дар ростои татбиқи Паёми Пешвои миллат дар баробари роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини дигар соҳаҳои муваззафгардида мо аҳли ҷомеаро низ мебояд новобаста аз синну сол ва касбу кор аз дохили Паём вазифаҳои шаҳрвандии худро муайян намуда, дар рушди кишвар ва беҳбудии зиндагиамон саҳми созгор гузорем.

Вобаста ба ин масъала нақши фаъолони ҷомеа, хусусан вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо дар Паём ишора рафтааст.

Воқеан, муҳтавои Паём васеъ буда, таваҷҷуҳи ҷомеа вобаста ба мавзӯъҳои дар он баррасигардида хеле зиёд аст ва вазифаи мо фаъолони ҷомеа аз он иборат мебошад, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври густурда ба роҳ монда, халқро ҳамчун неруи бузурги пешбарандаву ободсоз барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар намоем.
Паёми навбатӣ аз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеаи кишвар дар соли гузашта оғоз гардида, вазифаҳои мақомоти дахлдор ва мардуми кишвар дар ростои истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардид.

Тавре Пешвои миллат қайд намуданд: “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, бо суръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадидии қтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад”.

Тавре қайд гардид, бо вуҷуди монеаҳои гуногун дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хусусан пайдоиши бемории коронавирус халқи сарбаланди тоҷик бо  иродаи мустаҳкам ва меҳнату заҳматҳои софдилона тавонист мушкилиҳоро пушти сар намояд.

Дар чунин марҳилае, ки тамоми ҷаҳон иқтисодиёти моро аз муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста медонистанд, соли гузашта беш аз 80% муҳоҷирони меҳнатии мо бо сабаби баста будани роҳҳои заминиву ҳавоӣ натавонистанд ба хориҷ сафар кунанд. Натиҷаҳо нишон дод, ки дар дохили кишвар низ ҳазорҳо ҷойи кори холӣ чи дар самти меъморӣ, хоҷагидорӣ, кишоварзӣ, бозаргонӣ, маъмурӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ҳастанд, ки мутахассисони боистеъдодро тақозо мекунанд.

Хушбахтона,миллати тоҷик аз азал миллати боистеъдод аст ва моро лозим аст ин истеъдоди азалиро бо шавқу завқи баланд ба зиндагии арзанда амалӣ созем.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи энергетика суханронӣ намуда, аз талафоти зиёни неруи барқ изҳори нигаронӣ карданд.

Пешвои миллат мушаххас қайд намуданд, ки “Дар ин давра (солҳои соҳибистиқлолӣ) зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт-соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду  бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад”.

Ҳамзамон вобаста ба рушди соҳаи роҳсозӣ Пешвои миллат мужда доданд, ки Тоҷикистон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва оянда диққати бештар ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ равона карда мешавад.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат зикр шудааст, “дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду аз навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст”.

Ин ҳама нишонаи рушди бе майлони соҳа ва натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбарияти Олии давлат мебошанд.  Ҳамчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд.

Дар Паёми Пешвои миллат ҳамчунон масъалаи раванди бо мароми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ зикр гашта, қайд гардидааст, ки “Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям”. Ин арзи сипоси Пешвои миллат масъулияти кормандони соҳаи тандурустиро даҳчанд баланд намуда, шароиту имкониятҳои фароҳам овардаи давлату ҳукумат ба рушди соҳа мусоидат менамоянд.

Ҷиҳати пешгирӣ аз хавфи бемории коронавирус ва бемориҳои ба ин монанд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли  ин  масъала  ба  Ҳукумати  мамлакат  манзур намояд.

Дар айни замон аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон то 20% ва маъюбони гурӯҳи якум то 50% зиёд карда мешаванд. Ҳамаи ин ва дигар рақамҳое, ки вобаста ба рушди соҳа гуфта шуд, ниҳоят умедворкунанда буда, баҳри татбиқи онҳо фаъолияти дастҷамъонаи аҳли ҷомеа зарур аст.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём эҳтироми забони давлатиро яке аз омилҳои муҳимми рушди фарҳанги миллӣ қаламдод намудааст.        

Чуноне зикр гардидааст:

Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад”. Қаблан Пешвои миллат 4 вазифаи муҳимми соҳаи фарҳангро зикр намуда буданд:

Ташаккули маънавиёти ҷомеа;

-Омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик;      

-Баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ;

-Дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ.

Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз доштанд, ки; “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, Ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.   

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000  сола дорад.

Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст”.

Қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар рафти он Пешвои миллат чунин қайд намуданд:

“Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалин дараҷа диҳем”.

Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 - 2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Зимнан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони миллали муттаҳид дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбарияти Олии кишварамон дар ин созмони бонуфуз пайваста дастгирӣ меёбанд.

Дар хулосаи Паём зикр гардид, ки «Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”.

Дар ин росто, вақти он расидааст, ки барои расидан ба ин ҳадаф, бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми ватандӯстонаи худро гузорем.

Ин масъулият аз ҳар кадоми мо ташаббускорӣ, сабру матонат, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона ва заҳмати содиқонаву софдилонаро тақозо мекунад.

Бо назардошти ин, мову Шуморо зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳама он ҳадафҳои неку созанда, ки аз муҳтавои Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg