БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ

ҲАМАДОНӢ. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарии узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Москва оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат оид ба пешрафту  дастовардҳои ноҳия ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда,  қайд намуд, ки вазифаи аз ҳама муҳими мо ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъияти мебошад.  

Инчунин, дигар баромадкунандагон низ дар назди сокинон мулоҳизаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg