БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ҲАТМИСТ

ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз сироятёбии бемории коронавирус ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди  ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат масъулин ба сардорони оилаҳо нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, аз дастовардҳои солҳои соҳибихтиёрии кишвар, ки зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат  қарор дорад, ёдовар шуданд.

Ҳамчунин, намояндагони ҳизбӣ дар масъалаи риояи гигиенаи шахсӣ сухан гуфта, иброз доштанд, ки ҳолати беҳдоштии дастон ин чораи басо муҳими пешгирикунандаи зуком ва инфексияи коронавирус мебошад. Паёваста истифода кардани маводҳои антисептикӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ  микробу вирусҳоро нобуд месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg