БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҚУТБНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Кангурт”-и Ҷамоати деҳоти Кангурт кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки Паём  санади тақдирсоз барои давлату миллати тоҷик буда, пайравӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Инчунин, дар мулоқот вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, сардухтури Беморхонаи №1 Одинаев Шодихон вобаста  ба самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ ибрози сухан намуда, қайд кард, ки  мо ҳизбиён дар пайравӣ аз Раиси муаззами ҲХДТ тамоми дастуру супоришҳое, ки  баҳри пешрафт ва ободии кишвар дода мешавад, талош меварзем саҳми босазои худро гузорем. Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ дар бораи самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ, ки  вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад, андешаронӣ карда, гуфтанд, ки  мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg