БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

ПАНҶ. Бо мақсади таҷлили сазовори 28-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан”, дар қисми ҳарбии №0306 мулоқоту чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои шавқовари варзишии намуди футбол, шоҳмот, волейбол миёни сарбозон гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин раванд ташкили боздидҳои ҷавонон, хонандагони синфҳои болоӣ аз қисми ҳарбии 0306- и ноҳияи  Панҷ сурат гирифта, иштирокдорони чорабинии ҳизбӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон аз шароити буду боши афсарону сарбозони қисми низомии мазкур аз наздик шинос шуданд.

Инчунин, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон  дар баромадаш қайд намуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ин қарзи ҳар як ҷавони бонангу ори Ватан  буда, ихтиёран сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Дар охир мавсуф афсарону сарбозони далеру шуҷои ин сарзамини аҷдодиро ба  Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки он хизмати садоқатмандонаро таманно кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg