БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАК БА ОИЛАҲОИ САРБОЗОНИ ШУҶОИ ВАТАН

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!” ба ду оилаи сарбозони шуҷои Ватан ки ҳангоми адои хизмати Ватан-Модар ҷони худро нисор кардаанд,  кумак карда шуд.

Зинми ташриф овардан ба хонаи истиқоматии сарбозон  намояндагони ҳизбӣ бо волидайни ин родмардон суҳбати самимона ороста, ба онҳо  кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.

Дар охир барои чунин дастгириҳо ва ташаббусҳои инсондӯстона ба ҳизбиён, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда, шукрона аз соҳибистиқлолии давлат ва шукуфоии Ватани хеш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg