БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БАРОИ РАСИДАН БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ҲИДОЯТ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Маҷлиси навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷ. Алӣ” бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Одилзода Дилбар, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва дигар шахсони расмӣ вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, Одилзода Дилбар ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки ҳамасола баҳри рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи мардум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Зимни Паём Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзу гиромидошту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, вобаста ба ин дар назди мақомотҳои марбутаи давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ҳамзамон, да рафти маҷлис дигар иштирокдорон ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамоест, ки мардуми моро ба фатҳи қуллаҳои мурод, расидан ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиста ҳидоят мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg