БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР КӮЛОБ РУШД МЕЁБАНД

КӮЛОБ. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Дар доираи ин ташаббуси Сарвари давлат барои вусъат бахшидан ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуд.

Дар ҳамин замина кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Валиева Саъбагул ва Мунаввараи Бозоралӣ аз утоқи ҳунарҳои мардумӣ ва осорхонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” дидан намуда, ба ҳунару маҳорати кормандон ва таълимгирандагони ин муассиса баҳои баланд доданд.

Аз ҷониби ҳозирин зимни боздид даъват ба амал оварда шуд, ки хонандагонро ҳарчи бештар ба ҳунарҳои дастии аҷдодонамон шинос карда, дар баробари ин омӯзонида шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg