БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲКУШО БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҚУБОДИЁН. Бо сокинони  Ҷамоати деҳоти Заркамар ва Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров дар деҳаи Камароби Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён  вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин вохӯри узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, роҳбари гурӯҳи кории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Қобил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Маҳмадаюб Шарифзода, вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён Абдиева Ойнабот, Ҳилолӣ Рудоба ва дигарон иштирок ва баромад карданд.

Зимни ибрози андеша Шарифзода Маҳмадаюб дар назди ҷамъоамадагон дар бораи моҳзияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ  намуда, иброз дошт, ки Паёмҳои Сарвари давлатро ҳамеша таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, фаро гирифтааст ва маҳз тавоноии миллатро аз беҳбудии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ баҳо дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дастуру супоришҳо дода мешавад.

Дар идомаи мулоқот  дигар баромадкунандагон низ андешаҳои хешро атрофи Паёми навбатӣ, Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии  Истиқлоли давлатӣ  иброз дошта, ҳамагонро барои анҷоми амалҳои неку созанда роҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg