БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ –ДАСТУРАМАЛИ КОРӢ БАҲРИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи тарғиботии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо ва ба дарки сокинон расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар деҳаи Чорбоғ вохӯрӣ доир карданд.

Узви Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак,  роҳбари гурӯҳи кории Мацомоти иыроияи щокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Цобил,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Маҳмадаюб Шарифзода, вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён Абдиева Ойнабот, Ҳилолӣ Рудоба ва дигарон иштирок намуданд.

Дар  мулоқоти баргузоргардида Шарифзода Маҳмадаюб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёмҳои Сарвари давлатро ҳамеша таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат фаро гирифтааст ва  маҳз тавоноии миллатро аз беҳбудии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ баҳо дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дастуру супоришҳо дода мешавад.Инчунин, дигар баромадкунандагон фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баён дошта, барои  татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти рушду пешрафти мамлакат ва истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  сокинонро роҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg