БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯдакистони №16”-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуда,  қайд карданд, ки Паёми имсолаи Роҳбари давлат чун Паёмҳои қаблӣ ифодагари манфиатҳои миллӣ буда, мо сокинонро водор месозад, баҳри рушду нумуи Ватан, тарбияи насли наврас ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, донишандӯзӣ бештар талош варзем. Чунки Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояшон борҳо таъкид месозанд, ки “ҷавонону наврасон ояндаи давлату миллатанд ва  ояндаи Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз дар дасти онҳост.”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg