БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРЕСТ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулбод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроия иштирок дошта, оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи  26 январи соли 2021 ироа гардидааст, ибрози андеша намуданд. Инчунин, дар ин раванд масъулин вобаста ба  истифодаи самараноки заминҳои корам, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg