БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- МУЖДАИ НЕК БАХРИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ БОНУВОН

АНДЕША. Дар ҷомеаи имрӯза мавқеи занон басо бузург буда, пайваста  дар мадди назари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин аст, ки ба занону бонувон имтиёзу имконоти рӯзафзун аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шуда, баҳри фаъолгардонии занону бонувони тоҷик чораҳои судманд андешида мешавад. Махсусан дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дарҷ гардид, ки бо мақсади боз ҳам ҷалб кардани занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 -2025 таҳия ва пешниҳод намояд, ки ин иқдом нишона аз тарафдорию дастгирӣ ва ҷонибдории бепоёни  Роҳбари давлат  ба фаъолияту роҳбарии занони тоҷик аст. Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаи худ як нуктаи бисёр муҳиму барои занон заруриро хотиррасон намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ин гуфтаҳои инсондӯстонаву адолатпарваронаи Ҷаноби Олӣ мо-бонувон ба худ ҷаҳони неру бардошт намуда, дарк кардем, ки ҳуқуқу озодиҳои мо бонувон ва занони тоҷик то ҳадди кофӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қадр ва  ҳимоя карда мешавад, зеро мо худ огоҳ ҳастем, ки дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳон занро ҳамчун зан қадр накарда, ҳуқуқҳояшро поймол мекунанд, на танҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда роҳ дода намешаванд, ҳатто занон дар берун гашту гузори озод карда наметавонанд. Имрӯз бо боварӣ гуфта мешавад, ки зани тоҷик роҳбар, ронанда, табиб, омӯзгор, иқтисодчӣ, муҳандис аст, ки шаҳодати сулҳу оромӣ ва фазои ободу солими кишвари мост. Пас мо аз иқдомҳои адолоатпарваронаи Пешвои миллат шукргузор буда, барои хеш зарур мешуморем то ин ҳама ғамхориву кумакҳои Ҷаноби Олиро беҷавоб нагузорему дар муқобил ба ин ҳама аз худ ҷасорат ва сидқияту рисолати касбию инсонӣ нишон диҳем. Нагузорем, ки нохалафе аз берун ба кишвари мо санг партояд. Бо меҳнату садоқати худ барои беруниёни бадхоҳ фурсати даҳонкушодан надиҳем. Исбот намоем, ки мо бонувону занони  тоҷикистонӣ басо хушбахту озод ва  комилҳуқуқ дар фазои  соҳибистиқлоли кишвар зери роҳбарии марди некхоҳе чун Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Паёми навбатии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон боз ҳам собит сохт, ки онҳо чӣ қадар неруманду тавоно буда, дар рушду такомули тамоми соҳаҳои барои кишвар муҳим, саҳми арзишманд доранд. Ин ҳама аз имкониятҳои васеъест, ки худи Ҷаноби Олӣ ба занону бонувони кишвар додааст. Мо бонувон бо шукргузорӣ аз ин иқдомҳо тамоми сайю талошамонро харҷ менамоем, то арзандаи ин ҳама кумаку дастгириҳои рӯзафзуну пурсамари Пешвоямон шуда тавонем. Рисолати худро, ки пеш аз ҳама тарбияи дурусти насли наврас,  аз ҷумла  дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ бузург кардани онҳост  иҷро намоем. Барои пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, костагардии ахлоқи наврасон, тақлидкунии занони тоҷик ба фарҳанги бегона ва дигар камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта дар навбати худ чораҳои зарурӣ андешем.

Аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg