
Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ба сокинон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаву маҳал корҳои таблиғотиву ташвиқотиро ба роҳ монда истодаанд.
Чунин мулоқоти судманд дар маҳаллаи Давлатобод доир гардида, намояндагони ҳизбӣ вобаста ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар иброрзи андеша карда, афзуданд, ки сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту ободии сарзамини аҷдодӣ ва таъмини зиндагии осоишта мардум равона гардида, моро зарур аст, дар пайравӣ аз ин сиёсати Роҳбари давлат бештар баҳри расидан ба дастовардҳои хуб талош варзем.
Инчунин, дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат аз дастовардҳои кишвар дар самти истиқлолияти энергетикӣ ва бунёди иқтидорҳои нав дар ин соҳа истода гузашта, зикр намуданд, ки баланд бардоштани маърифати оқилонву сариштакоронаи истифодаи неруи барқ вазифаи ҳар як сокини бо нангу ори кишварамон мебошад.