БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ҚУТБНАМОИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ғеш”-и ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб,  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Мирзошарифзода Сабоҳат ва  кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия атрофи масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, суханронӣ карда, аз сокинон  даъват ба амал оварданд, ки ҳар дастуре, ки аз ҷониби Пешвои миллат дода мешавад, ба хотири таъмини зиндагии босаодати сокинон ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон равона гардидааст. Аз ин хотир мо шаҳрвандони ватандӯсту худогоҳро лозим аст, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Роҳбари  давлат фаъолиятамонро дучанд карда, санаҳои муҳими таърихиро бо дастовезҳои  баланд истиқбол намоем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg