БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОСТ

КӮШОНИЁН. Баҳри дар амал тарғибу  ташвиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гурӯҳи тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  бо падару модарон ва хонандагони синфҳои болоии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55- и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур, баъд аз шарҳу тавзеҳи Паём оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ, худкушию худсузӣ ва ҷалби онҳо ба илмомӯзию донишандӯзӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg