БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛИ НОМАТЛУБ

ВОКУНИШ. Дар чанд соли охир терроризм ҳамчун мушкилоти  рақами як ва масъалаи доғи рӯз дар ҷаҳони муосир шинохта шуда, аҳли ҷомаеро ба ташвиш овардааст. Терроризм ҳамчун падидаи пурхатар ҳаёти осоиштаи сокинони сайёраро халалдор намуда, дар натиҷаи амалҳои террористӣ теъдоди зиёди одамон ба ҳалокат мерасанд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

Террористҳо гурӯҳҳои хурд буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд.  Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаиҳои гунони нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Шинос намудани насли наврасу ҷавон  ба симои ҳақиқии террористон ва мафҳуми «террор» вазифаи асосии хонавода, мактаб ва ҷамое маҳсуб меёбад. Ҳамагон бояд донанд, ки террористон душманони ҳақиқии сулҳу озодӣ ва ваҳдати миллатҳои дунёанд. Амалҳои ваҳшиёнае, ки онҳо содир менамоянд, аз доираи ахлоқу одоби инсонӣ берун буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро маҳкум менамояд.

Экстремизм ё ки ифротгароӣ ин кору пайкор ва амали ифротии шахсест, ки тавассути даъват мехоҳад ба сохти давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ халал ворид созад. Экстремизм хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, ба терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон сол аз сол тамоми шароитҳоро муҳайё месозад. Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи созандаи ҷомеа ҳисобинанд, ин ифодагари он аст, ки ҷавононро мебояд, ки рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзиш бошанд. Барои инкишофи пешрафти маънавии онҳо ҳар соле даҳҳо мактаби муассисаҳои типи нави замонавӣ, истироҳатгоҳҳо, майдоҷаҳои варзишии хурду бузург, ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра бунёд шуда истодааст, ки ҷавонону наврасон ба беҳудагардию корҳои номатлуб даст назананд. Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Даминов Илҳом, мудири шуъбаи  таблиғот, итилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg