БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ЗИНДАГИИ АРЗАНДА БАРОИ ҲАР ЯК ИНСОН

ДАНҒАРА. Бо мақсади ба дарки сокинон расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  дар таоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбату вохӯрӣ баргузор гашта истодааст.

Ин навбат  дар ҷамоати деҳоти Сангтӯда дар деҳаи Сангтӯда  дар муаасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини якуми раиси вилоят Салимзода Амонулло, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад ва  ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода мулоқот доир гардид.

Масъулин вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, тарӯиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи “Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои милливу давлатӣ Наврӯзи байналмилалӣ, 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуда, сокинонро барои истиқболи шоиста аз 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳм гузоштан дар корҳои кишоварзӣ ва ғайраҳо раҳнамоӣ карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg