БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти “Узун”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид, муовини раиси ноҳия, роҳбари Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдусаломзода Анзурат, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ, Файзалиев Раҳмоналӣ  иштирок дошта, оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуданд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот масъулин оид ба истифодаи самараноки заминҳои корам, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонону наврасон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман!”,  истифодаи дурусти неруи барқ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ибрози сухан карда, сокинонро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ раҳнамоӣ карданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg