БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: ХУРРАМГАРДОНИИ КИШВАРИ АЗИЗАМОН

ВОСЕЪ.  Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ибодулло Неъматов, аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии деҳаи “Анористон” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» баргузор гардид.

Дар  Аксияи мазкур зиёда аз 50 нафар сокинон иштирок намуда, гулҳои гуногуни  ороишӣ ва рангорангу хушбӯйро  баҳри зебо намудани симои деҳа шинониданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом дар ҳудуди  ноҳия идома дошта, сокинон баҳри сарсабзу зебо гардонидани як гӯшаи диёр саҳми худро гузошта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg