БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии паҳншавии пандемияи  COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.

Масъулин пеш аз оғози суҳбат ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда, онҳоро барои риояи талаботи қоидаҳои беҳдошӣ даъват намуданд.

Сипас,  намояндагони ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, истифодаи самараноки замин, сарфаҷӯёна истифода бурдани  неруи барқ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ андешаронӣ намуда, сокинонро барои сарфаю сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ ва  кишти зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои дарихтиёрдоштаашон раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg