БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН НЕРУИ ХОСА БАХШИД

ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо кишоварзон ва хоҷагидорони  ноҳияи Восеъ дар Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Зимни суҳбат бо иштирокдорон узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло қайд намуд, ки бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ҳамаи деҳқононро аз андози ягонаи замин дар соли 2021 озод карданд. Ин ғамхориҳои Пешвои маҳбуб барои рушди соҳа ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, ба иштирокчиёни вохӯрӣ барои истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил тавсияу маслиҳатҳо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg