БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲИ ПАЁМ МИЁНИ ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳр оид ба расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани ҳадафҳои созандаи ҳизб ташкил ва роҳандозӣ карда истодааст.

Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби оилавӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби оилавӣ” ширкат доштанд.

Иштирокдорон қайд доштанд, ки дар Паёми имсолаи худ, ки аз санаи 26.01.2021 бармеояд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин самт моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон сарчашма мегирад, саҳмгузорӣ намоем.

Дар фарҷоми мулоқот як қатор хоҳишмандон ба сафи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбияшон дар фазои тантанавӣ ба онҳо  супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg