БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРЕСТ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  иштирок дошта, оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи  26 январи соли 2021 ироа гардидааст, ибрози андеша намуданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин вобаста  ба истифодаи самараноки заминҳои корам, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи насли наврас, ҷалби наврасон ва ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм фурӯғи маърифат”, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ карда, ҳамагонро ба амалҳои неку созанда ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg