БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бехатарии давлат аз сарҳадбонони ҷасури Ватан вобастагӣ дорад

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси  Кумитаи   иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Шамсиддини Шоҳин   дар  қисми низомии   0308-и  Сарраёсати  Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда,  бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ,  аз қабили  турниккашӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани автомати Калашников байни афсарону сарбозон доир гардид. 

Дар ин мусобиқа  раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон иштирок ва андешаронӣ намуд.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ ғолибон аз ҷониби ҳакамон муайян гардида, онҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ карда шуданд. 

Дар охир аз  ҳар як афсару сарбоз даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша дар хизмати Ватан омода бошанд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg