БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон сиёсати давлатро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд

ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Ориёни ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз бо сокинони  маҳаллаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввл  Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ,  оид ба шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтавои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12 майи соли 2018 бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, суханронӣ намуд.

Дар охир чанде аз сокинон андешаҳои хешро нисбат ба суханрониҳои масъулин озодона баён карда, иброз доштанд, ки мо мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросон сиёсати имрӯзаи Пешвои миллатро, ки баҳри беҳбудии зиндагии  мо сокинон равона гардидааст, якдилона ҷонибдорӣ менамоем.

                                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg