БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст…

ХОВАЛИНГ. Бо мақсади мусоидат намудан дар фаъолияти бонизоми китобхонаҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ  ба хотири баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, раҳоӣ ёфтан аз бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқамон дар қасри фарҳанги ноҳия бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ ба  шуъбаи фарҳанг ва китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки хонандагон ва дигар дӯстдорони китоб Конфронси илмӣ-адабӣ гузаронида шуд.

Дар конфронс дар бораи саҳми китобхона дар тарбияи ахлоқӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, интихоби дурусти касбу ҳунар, эҳтироми падару модар ва калонсолон,  аҳамияти китоб ва китобхонӣ дар инкишофи нутқи хаттӣ ва шифоҳии хонанда, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва дигар паҳлӯҳои ин масъала сухан рафт. 

 Дар назди аҳли толор аъзои ҲХДТ Маҳсиддин Сайтоҷов-мудири китобхонаи марказии ноҳия,  Олимҷон Олимов-директории Гимназияи Ховалинг, Амирхон Сайидзода-дорандаи китобхонаи шахсӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баромад намуда, дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти бонизоми китобхонаҳои деҳот ва муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб намудани хонандагон, аҳамияти китоб дар ҳаёти шахс ба таври васеъ сухан ронда, пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.

Дар конфронс дар васфи китоб аз эҷодиёти  шоирони гузашта ва имрӯзаи форсу тоҷик аз тарафи аъзои фаъоли китобхонаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ шеърҳо қироат карда шуд.

Намоиши ташкилнамудаи китоб дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ноҳия хонандагонро ба асарҳои тозаэҷоди шоирону нависандагони тоҷик ва ҷаҳонӣ шинос намуда, завқу шавқи онҳоро ба китобхонӣ зиёд намуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар оянда барои баланд бардоштани ҳисси китобдӯстии хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонаҳо чунин чорабиниҳои тарбиявӣ ва таъсиррасониро роҳандозӣ менамояд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg