БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ РОҲИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

МУЪМИНОБОД. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  мамлакат мулоқот   баргузор  карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳиме, ки  дар Паёми  имсола ироа гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид ва бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Сипас, дигар масъалаҳои муҳими рӯз миёни сокинон тарғибу ташвиқ карда шуда, онҳо барои иҷрои саривақтии амалҳои неку созанда баҳри боз ҳам рушд кардани Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg