БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН ДАСТГИРӢ ЁФТ

КӮШОНИЁН. Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва сокинони деҳаи дар боло зикршуда амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир шуда, дар он иштирокдорон  қабристони деҳаи худро ба тартиб дароварданд.

Ҳамзамон дар гирду атрофи оромгоҳ сокинон 270  бех дарахти арча, 100 бех гули садбарг ва 40 бех гулҳои мавсимӣ шинониданд.

Дар охири чорабинии ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроия бо иштирокдорон мулоқот доир намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ ба сокинон ҷиҳати  дастгирии амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg