БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОС ДОШТАНИ ХОТИРАИ ГУЗАШТАГОН ЯКЕ АЗ АНЪАНАҲОИ НЕКИ МИЛЛИАМОН МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади тарғиби урфу  одат  ва  анъанаҳои  неки ниёгонамон  ва  эҳтиром гузоштан  ба  насли  калонсолу  гузашта, эмин  нигоҳ  доштану   ҳифзи   оромгоҳҳо ва  тарбия  намудани  насли  наврас дар  руҳияи  анъанаҳои  неки  миллиамон, ҳар якшанбеи  охири  моҳ  амалиёти умумниноҳиявии  «Рӯзи  ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ  бо  Шӯрои  собиқадорони  ҷангу меҳнати  ноҳия, собиқадорони  ҳизб, ходимони  дин  дар  маҳаллаву  деҳаҳои Ҷамоатҳо деҳоти  ноҳия  баргузор  гардида  истодаанд.

Ин навбат бо  назардошти   боду  ҳавои  мусоид дар  оромгоҳи  деҳаи  Бешкенти  Ҷамоати  деҳоти Истиқлол бо иштироки  васеи  сокинон  чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони  «Рӯзи  ёдоварӣ»  баргузор  гардида,  гирду  атофи  оромгоҳи деҳа тоза  ва бо  симтур  маҳкам  карда  шуд.  Ҳамчунин  бо  дастгирии сокинон  дар атрофи  он  зиёда  аз  60 адад ниҳолҳои  ҳамешасабзи  арча  шинонида шуд.     Оромгоҳ  масоҳати  хело  калон  дошта,  дар  он  аз  4  деҳа  фавтидагон  дафн  мегарданд.

Кормандони  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ба  мардум  фаҳмониданд, ки    анъанаҳои  неки  ниёгонамон  боиси  тақвият  ёфтани  дӯстиву  рафоқати мардум  ва  хайрхоҳию пос  доштани башардӯстиву некандешӣ нисбати  насли  калонсолу  гузашта ва  дар  рӯҳияи  одобу  маданияти баланд  тарбия  намудани  насли  ҷавони  кишварамон  мебошад. Миллати  тоҷик   бо  пайравӣ   аз  анъанаҳои  миллӣ  ва  урфу  одатҳои  наҷибаш  соҳиби  ҳурмат  ва  эҳтирооми  оламиён гаштааст.

Тибқи нақшаи  таҳияшуда  дар  ҳамаи 4 оромгоҳҳо бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия  ва  дастгирии  сокинон Аксияҳои  «Рӯзи  ёдоварӣ» баргузор гардида, гирду  атрофашон  маҳкам  ва ба  тартиб  оварда шуда, аз  ҳамагуна  хору  алафҳо   ва навдаҳои  дарахтон  тоза  карда  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg