БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии ҲХДТ бо халқ ва дар хизмати халқ будан аст

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии навбатии раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар маҳаллаи Навободи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби  вакилони маҳаллӣ бо иштироки сокинони маҳалла, алалхусус ҷавонон баргузор гардид, ки баромадкунандагон зимни суханрониҳо дар баробари шарҳу тавзеҳ ва  татбиқи  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, доир ба мавзӯъҳои баланд  бардоштани  сатҳи  огоҳии мардум  аз  хатари терроризму  экстремизм ва роҳҳои  ҷалби шаҳрвандон   ба ташкилотҳои экстремистиву  террористӣ, пешгирӣ  аз  хатари ҳизбу  ҳаракатҳои  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон мамнуъ, аз байн  бурдани  таассуби  динӣ ва хурофот  бо мақсади таъмини солимии  ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву  майл ба фарҳанги бегона  ва оқибатҳои манфии  он ба ҳуввияту  асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ  дар тарбияи  ахлоқиву  маънавии  ҷомеа, пешгирӣ  аз истифодаи  нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ  ҳамчун  хатар ба амнияти  миллӣ, чораандешӣ  ҷиҳати дар миёни  аҳолӣ ба вуҷуд  овардани  ҳисси муқовимат  бо коррупсия  ҳамчун  омили хатарнок, тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон ва ҷалби  онҳо ба хизмати ҳарбӣ, риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар  кардани хайру сахо  ҳамчун  асоси  рушди  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  маънавию  фарҳангии  ҷомеа ва бурдани  корҳои  фаҳмондадиҳи  миёни  шаҳрвандон  дар  самти паст  кардани  сатҳи  бекориву  камбизоатӣ дар  заминаи  рушди соҳибкорию  хоҷагидорӣ  ва корҳои  хонагӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  низ  маълумотҳои судманд доданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg