БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам дар Паёми навбатии худ, ки рӯзи 26.01.2021 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро майян намуд.

Дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи маорифро самти афзалиятнок дар байни дигар соҳаҳои хоҷагии халқ муайян намуда, онро ҳамчун соҳаи калидӣ дар пешрафти дигар соҳаҳои халқ медонад. Ба ин мақсад барои инкишофи ин соҳа ҳамасола маблағгузориро  зиёд менамояд. Дар соли 2020 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон 167 муассисаҳои нави таълимӣ  сохта ба истифода дода шуда,  садҳо синфхонаҳои иловагӣ ҷойи нишаст барои беҳтаршавии базаи моддию техникии таълим ташкил карда шуд.

Шумораи Донишгоҳҳои олӣ  ба 41 адад ва шумораи донишҷӯён  ба 21800 нафар расонида шуд. Илова ба ин дар хориҷи кишвар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илм дар давраи минбаъда стипедияи- аспирантон, докторантҳо  ва дигар ходимони илм зиёд мешаванд ва вобаста  ба ин масъалаи ташкили озмунҳои « Илм-фурӯғи  маърифат» ташкил карда шуда, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва Тоҷикистон кишвари азизи ман» идома дода шуда, ба ғолибони ин озмунҳо мукофотҳои пулию молӣ  ва имтиёзҳо дода мешавад.

Муносибат ба занҳо ва баланд бардоштани мавқеи занро дар ҷомеа  дар Паёми Президенти кишвар дар маркази диққати сиёсати дохилии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дод.

Каримов Маҷид, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи маориф”-и ноҳияи Муъминобод     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg