БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРНАВИШТИ ТАЛХИ СОЛҲОИ 1992- 1997 ДАРСИ ИБРАТАНД

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30-соли истиқлоли миллӣ ба комёбиҳо ноил гардида, мардуми тоҷик дар фазои сулҳу дӯстӣ  ҳаёт ба сар бурда истодаанд.

Таърих исбот намудааст, ки давлатҳое, ки садсолаҳо пеш низоми демократии давлатдориро пеш гирифта буданд, ба авҷи тараққиёт расиданд.Вале мутаасифона ҷосусони фаъоли хориҷӣ, ки дар зери ливои Ислом реҷаи сиёсӣ ва андешаҳои худро дар саросари олам амалӣ менамоянд, тавонистанд бархе аз ҳамватанони бойигарипарасти моро дар мисоли имрӯза наҳзатиёни ифротгаро ба сӯи хеш ҷалб намуда, гуломи худ созанд.

Аз ҳамин нуктаи назар пеш роҳи рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёт гирифта шуда, оташи ҷанги шаҳрваидӣ аланга зад. Миллати тоҷик зери роҳбарии Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 5-сол бо заҳматҳои зиёд ба ваҳдат расиданд.

Маҳз аз соли 1997 миллати мо рӯ ба пешравӣ ниҳода то ба имрӯзи нек расид. Бо вуҷуди ин роҳгумзадагоне чун наҳзатиёни ифротгаро ҳанӯз дар домони давлатҳои пешрафтаи демократӣ номуси милии хешро поймол намуда, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери танқид карор медиҳанд. Бо вуҷуди оне, ки кулли мардуми Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатиён фурӯхташудаи сиёсати давлатҳои исломӣ ҳастанд.

Хотироти мардум, намоиши филмҳои ҳуҷҷатии «хиёнат», «Бешарафӣ» имрӯз бори дигар исбот менамоянд, ки ватанфурӯшоне чун Иқболи Садриддин бо он ҳама, расвогиҳои содиркардаашон ба ҷои пуштибони давлати имрӯзаи Тоҷикистон будан, душмани имрӯзаи давлати Тоҷикистон шудаанд. Ва тариқи воситаҳои ахбори омма мехоҳанд дар зери ниқоби дини поки Ислом ҷавонони моро ба бешарафӣ роҳнамун сохта, ҳокимиятро ба даст оранд. Сарнавишт нишон медиҳад, ки хоиноне чун Иқболи Садриддин ва ҷонибдорони онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд,  пуштибони ҷамъият ё халқу миллате бошанд.

Ҷавонони моро зарур аст, ки ҳеҷ гоҳ ба суханҳои пучи чунин афрод гӯш надода, дар фикри ободии Ватан ва оилаи хеш бошанд.

Воқеаҳои хунини солҳои 1992-1997 бояд барои ҷавонони мо дарси ибрат бошад. Таърихи миллати хешро биомӯз, даъвати ҳаргуна ҳизбу ҳаракати ифротиро напазир. Дар фикри ободии диёри худ ва оилаи худ бош, ҷавонии хешро ба бандагии хоинон сипарӣ накун ҳамватани азиз.

Баҳром Одинаев, мудири Шуъбаи рӯзномаи ноҳиявии “Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg