БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз сиёсати созандаи Пешвои миллат шукргузоранд

ХУРОСОН. Дар толори  муассисаи таҳислоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва дигар шахсони даъватӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ омӯзгорон, падарону модарон, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки зиёда аз 200 нафарро ташкил медод, иштирок доштанд.

Нахуст, Саидзода Раҳмон  дар назди сокинон нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Дар охир чанде аз  иштирокчиён ба сухан баромада,  шукргузории худро аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg