БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Паёми Пешво чун раҳнамо бар парлумон гардид,

Ки онро муҳтаво як сол, бин, то ин замон гардид.

Бидида нек сатҳи зиндагию кори мардумро,

Масири дури оянда аз он бар мо аён гардид.

АНДЕША.  Оре, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин барномаест баҳри рушду нумуи кишварамон – Тоҷикистон, беҳгардонии сатҳу сифати зиндагии халқ.  Ироаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад, ки фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат аст.
Суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботи он аст, ки халқи Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст.
Пешвои миллат зимни Паёми худ зикр намуд, ки дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

Мо – сокинони кишварро зарур аст, ки тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон, ҳифзи амнияту осоиштагии мардуми шарифи тоҷик, пайваста кушиш намоем, то ки сулҳу амонӣ дар фазои кишвари маҳбубамон ҳамеша танинандоз бошад.

Паём ба сифати ҳуҷҷати барномавӣ ҳар сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, дар он соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба таври возеҳ нишон дода шуда, бо дарназардошти воқеияти зиндагӣ ва дурнамои рушди кишвар таҳлил мегарданд, ки баҳри баланд бардоштани фарҳанг ва тафаккури сиёсии шаҳрвандон таъсири амиқ мегузорад.

Умедаи Акрамзода, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg