БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФИИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» дар бораи як фарди иғвоангез -Муҳмадиқболи Садриддинро тамошо намуда, нуктаи назари худро атрофи масъалаи мазкур баён менамоям.

Нафарони гумроҳ ва бешарафу мардумфиреб чун Муҳаммадиқболи Садриддин дар сафи ТЭТ ҲНИ хело зиёданд. Пас маълум мешавад, ки мактаби ТЭТ ҲНИ мактаби бешарафон буда, чунин афрод ба монанди  Муҳидин Кабирӣӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва боз кимкадом роҳзанҳоро тарбия намудааст.

Ба инхел бешарафон мехостам бигӯям, ки Тоҷикистони маҳбуби моро акнун тамоми давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва эътироф мекунанд. Тоҷикистони мо чун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофар дар тамоми сайёра мумтоз аст дар қатори даҳ давлати амнтарини дунё меистад. Фарзандони содиқу дилсӯзаш тавонистанд ба он мақоми шоиставу сазовор диҳанд. Насли имрӯза дар гирди Пешвои муаззами миллат  ҷаъм омадаанд ва барои ояндаи аз ин ҳам зеботару гуворотар нақшаҳои ҷадид тарҳезӣ менамоянд. Агар шумо мехостед, ки Ватан, диёри хуро обод кунед, агар дили шумобарин бешарафҳо барои Ватан месӯхт,  ҳаргиз ба Ватан- Модар хиёнат намекардед.

Ин ифротагари мазҳабӣ барои миллати тоҷик ҳамчун хоини ашадии миллат дар ахлотгоҳи таърих боқӣ мемонад.

Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк намуд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд. Ин насл дар баробари наслҳои мамолики пешгоми сулҳхоҳу сулҳдӯст ба сӯи ояндаи дурахшону зебо қадамҳои устувор мегузорад. Ҳокимият воқеан дар дасти ин насли ояндасоз аст.

Тоҷикистони мо дигар давлати ақибмонда нест. Тоҷикистонро фарзандони соҳибмаърифаташ ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил додаанд, ки он акнун маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон ва умеди ҳама беватанони дунёст. Насли имрӯз бо ин Ватан ифтихор доранд. Аммо бархе аз одамони кӯрнамак ва носипоси ин миллат, ҳамсони Муҳамадиқболи Садриддин мехоҳанд баҳори гулфишону гулбасари Тоҷикистони озоди моро ба хазони абадият табдил бидиҳанд. Вале мо ҷавонон бар Ватану миллати худ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ будем, ҳастем ва мемонем.

Ман низ аз тамоми ҷавонони кишвар ҳамин тақозоро дорам ва гуфтаниям, ки мо ҷавонон бояд як сипари боэътимоди кишвар ва Пешвои миллат бошем, ки тавонем Тоҷикистонро аз ҳаргуна хавфу хатарҳои муосир ҳимоя намоем

Зайдуллоев Муҳаммадҷон,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg