БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ НЕРУИ ЗАНОНРО АФЗУН НАМУД

АНДЕША. Занону модарони ноҳияи Ёвон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва Ваҳдати ҷовидонаи миллат, осоиштагиву  сулҳу салоҳ шукронаи сиёсати дурнамову хирадмандонаи Пешвои миллат Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароми зиёд тамошо намуда, аз дастгириҳои навбатӣ ва суханҳои отифасолори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми хоса гирифтанд.  Зеро  ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо хирадмандиву заковати қавии занони Тоҷикистониро  истилоҳи сулҳу амният ва ваҳдату ривоъ, арзиштарину беҳтарин ганҷина арзёбӣ менамоянд.

 Мусаллам аст, ки нуқтаи бисёр муҳим дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем. Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занони кишвар маҳз дар Паёми тақдирсози нави миллат сидқан ва самимона минатдории занони ноҳияи Ёвонро ба Пешвои миллат иброз медорем. Зеро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунед ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додаанд. Имрӯз мактаби захираҳои кадрӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Мо занону бонувони кишвар дар заминаи ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муайян гардидаанд ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд.  Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, мо занон  даҳчанд вазифадоранд.

Саёҳат Абдуллозода,  узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg