БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Боиси ифтихори мо занону модар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо таваҷҷуҳи махсус дошта, барои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеаи тадбирҳои заруриро низ равона мекунанд.  Ин масъаларо бори дигар ҳангоми ироаи Паёми Пешви миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар санаи 26 январи соли 2021 мушоҳида намудам.

Дар Паёмашон Пешви миллат дар бораи кору фаъолияти занони кишвар дар тамоми соҳаҳо ибрози назар карда, таъкид доштанд, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳо, иқтисдиёт иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ  ва ғайра фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафт ва шукуфоии тоҷикистон азизамон саҳми босаз худро гузошта истодаанд.

Даалату Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, , ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Ин ташаббуси Ҷаноби Олӣ моро руҳбаланд намуда, кушиш мекунем, ки дар оянда барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар охир мехоҳам суханони худро бо таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир расонам, ки дар Паёмаи навбатиашон баён дошта буданд: “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg