БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БОЗГӮИ ИҚТИСОДИЁТИ БОСУБОТИ КИШВАР АСТ

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тадбирҳои фавриву ҳадафраси Ҳукумати кишварро, бахусус дар чунин соли барои тамоми давлатҳои ҷаҳон ниҳоят вазнин хулосагирӣ намуд.

Воқеан, пайдоиш ва босуръати баланд дар тамоми ҷаҳон паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардид. Ҷаҳонро буҳрони шадиду бесобиқаи иқтисодӣ фаро гирифт, ки ҳатто давлатҳои тараққикардаву абарқудрат низ натавонистанд аз он эмин бошанд. Вале сиёсати наҷибонаву инсонпарваронаи Сарвари кишвар, тадбирандешиву дурбинии Ҳукумати кишвар ва дуруст равона сохтани маблағҳои беҷетӣ имкон дод, ки ин вазъияти вахим бо талафоти камтарин бартараф карда шавад.

Чуноне Сарвари давлат қайд намуданд, “Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.

Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.”  Инчунин, бо Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 равона гардидани 450 млн. сомонӣ барои дастгирии оилаҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ пешниҳод гардидани имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ ва равона гардидани 4 миллиард сомонӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ аз тадбирҳои муҳиму самарабахш буданд.

Ҳамчунин, таъкиду раҳнамоиҳои Роҳбари хирадманд бобати самаранок истифода бурдани заминҳои корам, бардоштани чанд ҳосил дар як сол, захираи маводи аввалияи озуқаворӣ, таъсиси гармхонаҳои мавсимию доимӣ ва дарки дурусти масъала аз ҷониби мардум шароит фароҳам овард, ки имкон доданд, ки бо вуҷуди рӯ ба таназзул ниҳодани иқтисоёти ҷаҳон зиндагии мардум дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимияту ихлоси бепоён ба мардуми тоҷик, аз ҷумла ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён намуда, махсусан таъкид карданд, ки “Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.”

Ин маънои онро дорад, ки мо бояд Ватани худро бо амалисозии иқдомҳои созандаву шоиста, дар ҳамбастагиву ҳамгироии кулли мардуми тоҷик обод намоем.

Ватанзода Саидҷафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg