БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО – РОҲНАМОИ МО

АНДЕША. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикр гардида, роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Сол аз сол зиёд гардидани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, бунёди мактабҳои нав гувоҳи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти кишвар мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳама зинаҳои таҳсилот сатҳу сифати таълимро баланд бардоранд.

Инчунин, таъкид намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр карда, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ карда шавад, қобилияти эҷодии онҳоро тавқият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ба забономӯзии хонандагон, бо забонҳои русию англисӣ диққати доимӣ диҳанд. Ин пешниҳод бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирад ва барои амалӣ гаштани он тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида шаванд.

Дар воқеъ мо ба ҳадафҳои наҷиби хеш ва татбиқи ин пешниҳоду ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сурате мушарраф мегардем, ки мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯзаро омода намоем. Масъулияти тайёр кардани чунин мутахассисон пеш аз ҳама ба души омӯзгорони соҳибкасб, хирадманду дилсӯзи халқу миллат вогузор аст.

М. Мустафоқулов, аъзои гурӯҳи таҳлилии  назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg