БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРНОМАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. 26 январи соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.  Паёми навбатии Президенти мамлакатро як барномаи мукаммали ояндасози миллат номидан мумкин аст. Зеро дар он дар баробари шарҳу тавзеҳи  иҷрои нақшаву барномаҳои қабулгардида  дар соли 2020 дурнамои   самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон  дар солҳои минбаъда ба таври возеҳ нишон дода шуд.

Ба он нигоҳ накарда, ки соли 2020 барои тамоми давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам  аз ҳама ҷиҳат соли душвор буд, - омад дар Паём,-  сокинони мамлакат тавонистанд, ба нишондиҳандаҳои мусбӣ  солро ҷамъбаст намоянд. 

Дар соли гузашта Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои асосии худ- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар  пурра ноил гардид.  Дар бобати сифати роҳҳои сохташуда Тоҷикистон дар радабандӣ дар байни 141 давлати дунё  ҷойи 50 -умро ишғол намуд.  Дар минбаъда бошад,  сохтмону баистифодадиҳии роҳҳои байни шаҳру ноҳия,  ҷамоатҳо  ва деҳаҳо давом дода мешавад.

Дар роҳи амалӣ намудани дигар ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи дастоварду пешравиҳо, корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми соҳибкорон, моликияти  хусусиро  муҳим арзёбӣ намуда,  ба онҳо додани имтиёзҳои навро зарур  шуморид.

Боиси қаноатмандист, ки чунин имтиёзҳо дар соли 2021, ки аз рӯи изҳороти муншии СММ оид ба озуқа соли хеле душвор дар назар дошта шудааст, ба кишоварзон низ дода мешавад. Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки дар соли  2021, ки аз рӯи паёмадҳо соли душвор ҳисобида мешавад,   кишоварзон  аз андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Дар Паём таҳлилу вазифагузориҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат  иқтисод, саноат, хоҷагии қишлоқ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, таъминоти иҷтимоӣ, варзиш, занон, ҷавонон, сайёҳӣ ва  сиёсати хориҷӣ   карда шуд, ки  ҳамаи онҳо моро ба ояндаи неку  дурахшон,  зиндагии серу пур дилпур мегардонад.

Дар ироаи Паём  омад, ки дастовардҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш дар соли гузашта хеле назаррас буданд.  Пешвои миллат аз баргузории озмунҳои доиргардидаи  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” қаноатмандӣ изҳор намуда, пешниҳод намуданд, ки маблағи ҳавасмандгардонии ин озмунҳо боз ҳам зиёд карда шавад ва дар баробари хонандагон падару модарон ва омӯзгороне, ки ғолибони озмунҳоро тайёр менамоянд, ҳавасманд гардонда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки ғолибони озмунҳо бе супоридани имтиҳон ба донишгоҳҳо дохил карда шаванд. Эълон гардидани озмуни дигар “Илм фурӯғи  маърифат” аз тавҷҷуҳи доимии  Пешвои миллат ба рушди илмҳои риёзӣ ва  дақиқ шаҳодат медиҳад.  30 фоиз зиёд кардани  стипендияи олимон, аспирантҳо низ гувоҳи гуфтаҳои болост.

Дар Паём Пешвои миллат бори дигар мардуми кишварро аз хатари терроризму экстремизм ҳушдор дод. 

Дар охир муроҷиати самимонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба аҳли толор ва сокинони мамлакат бобати бо заҳмати бештар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори мамлакат ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои ин дастури Пешвои миллат саҳмгузор бошем  ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовору арзанда истиқбол бигирем.

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg