БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо, дар даврони басо пурошӯб, бархурди тамаддунҳо қарор дорем. Ин аст, ки омилҳои зиёди номатлуб, аз қабили экстремизм терроризм ва ифротгароӣ ба осоиш ва амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ халали ҷиддӣ ворид карда метавонад.Тамошои филми мустанади «Бешарафӣ” ба ҷуз хиёнат ба миллату Ватан ва дини поки Ислом дигар чиро маънидод мекунад? худ шоҳид шудем, ки одамизод агарчи махлуқи бошуур аст, вақте фирефтаи нафс шуд, чӣ корҳоеро ба сомон мерасонидааст. Рафтори хоинони марди наҳзатӣ Қаландар Садриддинов, ки дар чоҳи кандаи ӯ фарзандаш Муҳаммадиқбол афтидааст басо нанговар аст, маҳз барои миллати тоҷики тоҷдор. Чун аз нақли Ҳошим валади Маҳмуд ва чанд тани дигар аз халқи Афғон бар номи неки мард ҳамчун саробони оила иснод оварданд, дини Исломро ба ин дараҷа паст задан чӣ даҳшатест. Қаландар Садриддинов худ бо ҷурми нопокӣ ва бо ҳайвон муносибат кардан ба маҳкама дар давраи иттиҳоди шӯравӣ кашида шуда будааст магар ин сабақ нашуд барояш? боз шомили наҳзатиён гардида, аз дасташон як кишвари ором ба ғамкада мубаддал гашт. Магар ӯ намедонист, ки мулло Шариф то чӣ андоза диншинос аст? Шояд медонист…

Вақте қумандон-Ғулом писари ӯ Муҳаммадиқболи 12-соларо маъқул кард, аз мулло Шариф бо пули калон харид, чаро падар шуда сари вақт писарро аз чунин бешарафӣ нигоҳ надошт? Ин ва ин барин суолҳо дар раванди тамошои филм моро безобита менамуд. Чун аз нақли Раҳим Каримов Қумандони тоҷик, Саидҷалол Сиёҳаков, Ҳаким Қаландаров ва ҳамсинфону ҳамсоягон, ки роҳи хатои падар ва бетафовут буданаш нисбати фарзанд дар охир ӯро шармандаю фирорӣ аз Ватан кард. Муҳаммадиқбол ҳам дар марзи нангу номус доғдор асту ҳам аз тарбияи ноасл гирифтанаш қарздор. Шарму ҳаё аз гӯшаи имон аст, имони комилро хамон шахсе соҳиб мегардад, ки дар асл диншинос аст. Дини Ислом ягон касро ба нопокию хиёнат даъват накардааст. Пас набояд дар рафтори ваҳшиёнаи худ нобакорон дини мубини Исломро ин қадар дар замин зананд. Оқибати чунин падару писар аз нигоҳи дини Ислом ҷаҳаннами охирин аст. Баъд аз тамошои филм шоҳиди он гаштам, ки мақсад ва ҳадафҳои асосии Муҳаммадиқбол ва ҳаммаслакони ӯ пора-пора кардани ваҳдату ягонагии кишвар, даҳшатафканӣ, соҳиби ҳокимият ва қудрат шудан амалӣ сохтани ниятҳои ғаразноки «хоҷагони бегона» буда, аз ватансозию адолати иҷтимоӣ бунёдкорӣ ва созандагӣ фарсахҳо дур мебошанд. Боварии комил дорем, ки онҳо ҳеҷгоҳ ба ин ният ва мақсадҳои нопоки худ намерасанд, чунки мардуми хирадпешаи мо аз рӯзҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он сабақ гирифтаанд.

Шоира Ҷумаева, мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg