БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дин набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ   ва  оид  ба  тақвият  бахшидан  ба  “Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал»  бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Имрӯз бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  дар ташкилоти ибтидоии   “Оила” вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти маҷлис  Неъматуллоева Сабоҳат оид ба татбиқи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таърих ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, бинобар эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву  экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдустӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намудан дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ,  мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба ҳозирин расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg