БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОИЗОН К-ИН ҶИЛВА ДАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД...

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” - ро тамошо карда, ба хулосае омадам, ки бадкор ҳатман ҷазои сазовор медидаасту оҳи дили мазлуму бечорагон беасар намемондааст.

Он чӣ ки дар кӯдакӣ ба сари Муҳаммадиқболи Садриддин омадааст фоҷиа аст. Расвоии як оила, оилаи шармандаву хиҷолатзадае, ки баъдан натавонист на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамсоякишварҳои ба қавле ҳамзабону ҳамдин умр ба сар барад.

Ин филм бори дигар нишон дод, ки ҳизби наҳзати ислом ва саркардагону роҳбарони онро на тақдири ояндаи давлату миллат ва ягон тоҷику тоҷикистонӣ ба ташвиш намеорвард. Онҳо танҳо як мақсад доштанд ба сари ҳокимият омадан, мамлакати исломӣ бунёд кардан. Барои онҳо муҳим набуд, ки фарзанди тоҷик ба дасти махлуқони одамсурат афтодаву озори ҷинсӣ мебинад. Онҳо ба касе раҳм надоштаанд. Ҳатто ба пайравони худ. Вагарна чи гуна метавон дидаю дониста кӯдаки масъумро дар доми бало раҳо кард? Гуфтаи шоир хеле бамаврид аст, ки фармуда:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд...

Акнун чеҳраи бешарми Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки бешарафона даст ба туҳмату буҳтон зада, давлату миллати моро танқид мекунад, дида худ ба худ суол мекунам, ки оё нафареро, ки дар кӯдакӣ шарафу номуси мардияшро аз даст додааст,  дигар ягон муқаддасоти дигар вуҷуд дорад? Оё нафаре, вуҷуди ӯро шарму номус тарк гуфтаанд нангу номуси миллӣ доштанро чашмдор шудан мумкин аст? Албатта, ки на...

Аз ин рӯ ҷавонони мо, бахусус муҳоҷирони корӣ, ки бештар ҳадафи Муҳаммадиқболи Садриддин қарор мегиранд, бояд кушоду равшан дарк кунанд, ки аз пайравӣ  ва ҳамнишинӣ бо ӯву ӯ баринҳо ҷуз шармандагию пастӣ чизи дигар ба каф намеоранд. Беҳтар аст ба суханҳои ӯ, ки саропо туҳмату ғаразноканд бовар накунанд. Ватану миллати хешро дӯст доранд ва барои ояндаи боз ҳам дурахшонаш талош намоянд.

Шаҳло  Шомуддинова, мудири МДТТ №2 –и шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg