БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОН АЛАНГАИ ОТАШИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДИРО БОЗ ФУРӮЗОН НАМУДАН МЕХОҲАНД

ВОКУНИШ. Филми  ҳуҷҷатии  дар бораи  як  фарди  иғвоангез -Муҳмадиқболи  Садриддин тамошо  намуда, нуктаи назари  худро атрофи  масъалаи мазкур баён  менамоям.  Гузаштагонамон  беҳуда  нагуфтаанд, ки дар  Ватани  худ  гузаштаву оянда  дорӣ, аммо  дар  мулки бегона  танҳо  дар замони  ҳозира  хоҳӣ  зист.

Мутаасифона,  Муҳамадиқболи  Садриддин ҳамчун  меҳмон  дар  кишвари  бегона  зист  дораду тавасути  шабакаҳои  иҷтимоӣ ба  миллату давлати  хеш  санги  маломат  мезанад. Маълум  аст, ки  ӯ аз  барои  пулу  мол  шуда, ба  хориҷи  кишвар  рафта  виҷдону номуси мардии   худро  фурӯхтааст.  Ӯ  пеш  аз  ҳама  ба  манфиати  худ ва  ҳаммаслаконаш  аъзои  фирории  ташкилоти  террористии  ҲНИ  кор  карда,  бар  зидди  миллату  давлат худ  бепарда суханҳои пучу  дурӯғи  худ  мардумро  ба  табаддулот даъват  менамояд.  Ин  ифротагари мазҳабӣ барои  миллати  тоҷик ҳамчун  хоини  ашадии  миллат дар  ахлотгоҳи  таърих  боқӣ  мемонад.       

Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк  намуд, ки он ҳама  гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи  Ҳукумату  давлат  ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди  миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд. Ин тоифаи одамонро зарур аст, ки ба мардум бо чашми дил назора созанд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки ин насл на ҳамон насли солҳои 1992-1997 аст, ки ба ҳар макру фиреб дода шавад ва даст ба тахрибкориву хунрезӣ занад, балки ин наслест, закиву тавоно ва  соҳибақлу доност. Ин насл ҳаргиз намегузорад, ки Ватан хароб гардаду мардум дар ранҷу азоб бошанд. Ин насл дар баробари наслҳои мамолики пешгоми сулҳхоҳу сулҳдӯст ба суӣи ояндаи дурахшону зебо қадамҳои устувор мегузорад. Ҳокимият воқеан дар дасти ин насли ояндасоз аст. Тоҷикистони мо дигар давлати ақибмонда нест.Тоҷикистонро фарзандони соҳибмаърифаташ ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил додаанд, ки он акнун маҳбуби  ҳама халқи ҷаҳон ва  умеди ҳама беватанони дунёст. Насли имрӯз бо ин Ватан ифтихор доранд. Тоҷикистони маҳбуби моро акнун тамоми давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва эътироф мекунанд. Тоҷикистони  мо чун давлати сулҳҳоҳу ваҳдатофар дар тамоми сайёра мумтоз аст. Фарзандони содиқу далсӯзаш тавонистанд ба он мақоми шоиставу сазовор  диҳанд. Насли имрӯза дар гирди Пешвои муаззами миллат ҳамсони парвона дар  гирди шамъ ҷаъм омадаанд ва барои ояндаи аз ин ҳам зеботару гуворотар  нақшаҳои ҷадид тарҳезӣ менамоянд. Аммо бархе аз одамони кӯрнамак ва носипоси ин миллат, ҳамсони Муҳамадиқболи  Садриддин мехоҳанд баҳори гулфишону гулбасари Тоҷиктони озоди моро ба хазони абадият табдил бидиҳанд. Онҳо шояд фаромӯш  карда  бошанд, ки ин мардум аз суннат, аз ақл ва аз хиради азалии  хеш истифода  менамоянд, то  дар масири ҳикмату  хирад ва арзишҳои воло ҷовидон боқӣ бимонанд. Ин мардум ҳаргиз доғдори  номи миллат, Ватан дини мубини Ислом ва мазҳаби поки хеш намемонад. Он фарзандони носипосеро, ки аз пистони модари ин миллат шир хӯрдаанд ва дар фарҷом мехоҳанд ин модарро бо дастони худ бикушанд, шири модар  заҳрашон  бод!

Раҳмон  Муродов, мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттиллот ва  матбуоти  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи Носири  Хусрав 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg