БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ноҳия дастаҷаъмона бо волонтёрон Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат тамошо карданд.

Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушду нумуи босуръати кишвар нигаронида шудааст. Паём марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин намуда, зиндагии арзандаи халқи тоҷикро муҳайё сохта, рушди минбаъдаи давлатдории тоҷиконро таъмин месозад. 

Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон пешниҳод кардаанд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзон аз андози ягонаи замин дар соли 2021 озод карда шаванд.

Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин кумаку дастгириҳои Пешвои миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, ният доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg