БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАДАМОТИ ГУМРУК – ЯКЕ СОҲАҲОИ ҲАЁТАН МУҲИММИ ҶОМЕА

(Ба муносибати Рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук)

АНДЕША. Ҳамасола санаи 22 январ дар кишвар иди касбии кормандони Хадамоти гумрук ҷашн гирифта мешавад. Аз ин фурсати фараҳбахш истифода карда, тамоми кормандон ва собиқадорони Хадамоти гумрукро ба ин ҷашни касбияшон самимона тарбрик гуфта, баҳрашон саломатии ҳамешагӣ, саодати рӯзгор ва дар ин кори шарафманду масъулиятнокашон пирӯзиҳоро орзумандам.

Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Хадамоти гумрук ташаккул ва рушд карда, фаъолияташро мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳони муосир ба роҳ мондааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, мақомоти гумрук вазифаҳои ҳаётан муҳим ба монанди таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, содироти арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва воридоти адабиёти ифротгароӣ саҳми сазовор дорад.

Хадамоти гумрук яке аз ниҳодҳое мебошад, ки ҷиҳати баланд гардидани вазъи иқтисодиёти мамлакат нақши муассир дорад. Ба маънои амиқтар имрӯзҳо Хадамоти гумрук дар ташаккули қисми даромади буҷети давлатӣ саҳми калон гузошта, баҳри таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон функсияҳои муҳимми ҳифзи ҳуқуқиро анҷом медиҳанд ва ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири худро мегузорад.

Ба таърих назар афканем, пас, дарк мекунем, ки ҳанӯз дар асрҳои 7-6 пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдании Осиёи Миёна боиси фаъол гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқиятҳои гуногун равнақ мегирифт. Аҷдодони мо аз рӯи маҳали ҷойгиршавиашон чун пули пайвасткунанда миёни кишварҳои Машриқзамин, аз қабили Ҳиндустону Чин ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ дониста мешуданд. Бевосита корвонҳои пур аз мол аз қаламрави Осиёи Марказӣ мегузаштанд.

Дар ҳамин радиф инкишоф ва равнақи савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардидаанд. Бори нахуст боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи “Боҷи дарвоза” ва дигар намудҳои андозҳо ҷорӣ карда шуданд.

Аз ин нуқтаи назар бармеояд, ки халқи тамаддунофари тоҷик дар ин ҷода низ таҷрибаи бузурги тарърихӣ дорад. Ва метавон гуфт, ки фаъолияти мақомоти гумрук ҳаётан муҳим буда, ҷиҳати бою ғанӣ сохтани буҷаи давлат нақши калидӣ мебозад. Имрӯзҳо низ кам нестан нафароне, ки дар Хадамоти гумрук софдилонаву фидорокорона барои солимиву амнияти халқу давлат фаъолият карда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки гардиши маводи ғайриқонунии маводи нашъаовар қариб аксарият давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Албатта, маводҳои нашъаовар аз маводҳои зараровар барои саломатии инсон мебошад. Маҳз тавассути заҳматҳои пурмасъулиятонаи кормандони Хадамоти гумрук солҳост, ки гардиши ғайриқонунии ин маводҳо дарёфт ва мусодира карда мешаванд. Чунин корнамоиҳо боис бар он мегардад, ки ин маводҳои зараровар ба кишварамон ворид нагардаду ҷавонони мо ба ин амали  нангин - нашъамандӣ даст назананд. Муҳимтар аз ҳама ба васила саломатии насли ояндасози давлату миллат ҳифзу ҳимоя карда мешавад.

Дигар самти муҳимми пурсамари фаъолияти Хадамоти гумрук, ки болотар гуфта гузаштем, ин пешгирии содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихиамон ба ҳисоб меравад. Ин роҳи мубориза шароит фароҳам меоварад то ҳамагуна арзишҳо ва дастовардҳои таърихиамон ҳифз гарданд. Ё ин ки бо мақсади фазои солими сиёсиро нигоҳ доштан, аз ҷониби кормандони ин ниҳод маводҳое ки хусусияти ифротӣ доранд, дарёфт ва мусодира карда мешаванд.

Инчунин, яке самтҳои асосии дигари фаъолияти Хадамот ин анҷом додани назорат аз болои воридот ва ё содироти маводҳои стратегии (маводҳои хӯрокворӣ, доруворӣ ва ғайраҳо) барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва набототи муҳити зист зарарнок ба мамлакат ва хориҷ мансуб меёбад.

Ногуфта намонад, ки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони ин ниҳоди давлатӣ дар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ҳошияи ин дастгириҳо, хусусан, дастгигириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Хадамоти гумрукро рӯҳбаланд намуда, водор месозад, ки дар чунин шароити вазнини иқтисоди ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳтар намудани иқтисодиёти мамлакат масъулиятҳои бар душдоштаашонро саривақт ва пурмаҳсул иҷро намоянд.

Дар поёни суханам бори дигар кормандони Хадамоти гумрукро ба идашон муборак намуда, дар раванди анҷоми кору пайкорашон иродаи устувору қавӣ таманно менамоям. Хизматҳои самимонаву фидокоронаатон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Ид муборак бошад!

Мирзозода Хуршед,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg