БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИМРӮЗУ ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!

АНДЕША. Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон бо зиракиву ҳушёрӣ, ақлу ҳуш ва дарки баланди фаҳмиши динниву дунявии худ кӯшиш доранд то нақше дар сарсабзии диёри аҷдодимон дошта бошанд. Воқеан, ҷавонон як қишри ояндасоз дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то ҳарчи беҳтару беҳтар ҷомеаи имрӯзаро бунёд созанд.

Ҷавонам ман, ҷавонам ман, гули наврустаи боғи баҳорам,

Баланд аз арш бошад толеи ман, ба гулбоғи ҷавони комронам.

Ҷавонон албатта, ки бо рафтору амали худ, тарбияи дурусти худ, маърифати баланди худ метавонанд аз худ номи нек боқӣ гузоранд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро имрӯзу ояндаи давлату миллат меноманд ва таъкид месозанд, ки мо бояд бо баҳои хубу аъло хонем то ки дар оянда, дар кишвари худ мутахассиси хуб шавем. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони имрӯза номбардорони ояндаи ин миллат хоҳанд гашт. Айни ҳол низ сафи чунин ҷавонони бонангу номус кам нестанд дар мисоли Мавзуна Чориева, Хоҷазода Беҳрӯз, Сорбон Латипов, Искандари Рустам, ҷавонписарони 18 солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ғайраҳо. Мо бо ин ҳама мефахрем ва дар баробари онҳо кӯшиш менамоем то нақше дар пешрафту нумуи кишвари худ дошта бошем. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар номбардори давлату миллати хеш бошем.

Раҳмонзода Манижа,  ихтиёрии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg